Идоракунии хизматрасониҳои ширкати АНТ

Идораи хизматрасониҳои ширкат ба воситаи смс-фармонҳо бо телефони мобилӣ.

АмалНамунаи смс-фармон
Тафтиши тавозун ва фаъолнокии хизматрасониҳо2010ХХХХХ
Иваз кардани бастаи "СТАНДАРТ" ба бастаи "СТАНДАРТ+"2010ХХХХХ✲HD1
Иваз кардани бастаи "СТАНДАРТ+" ба бастаи "СТАНДАРТ"⚹2010ХХХХХ✲HD0
Пайвастнамоии бастаи иборат аз 32 FULLHD шабакаҳо ба муҳлати 24 соат⚹⚹2010ХХХХХ✲HD24
Хизматрасонии «Пардохти муваққатӣ»⚹⚹⚹2010ХХХХХ✲PAY
Дақиқ кардани рақами кортҳои дастраси шартӣ1111

⚹ Иваз кардани бастаи "СТАНДАРТ+" ба бастаи "СТАНДАРТ" дар аввали моҳи навбатии тақвимӣ амалӣ мешавад, зеро ҳангоми пайвастшавӣ пардохт барои моҳи пурраи тақвимӣ ситонида мешавад.

⚹⚹ Пайвастнамоии муваққатии бастаи иборат аз 32 FULLHD каналҳо ба муддати 24 соат дар муддати 1 соат аз лаҳзаи фиристодани смс фармон амалӣ мешавад. Нархи хизматрасонӣ бо назардошти ААИ – 1 сомониро ташкил медиҳад.

⚹⚹⚹ Аз хона берун нарафта ба воситаи хизматрасонии "Пардохти муваққатӣ" метавонед муштарипулиро пардохт намоед ва тамошои каналҳои телевизионии дӯстдоштаи худро идома диҳед. Арзиши хизматрасонӣ бо назардошти ААИ – 2 сомонӣ. Пас аз фаъолгардонии ин хизматрасонӣ муштарипулӣ мутобиқи бастаи пайвастбуда тариқи автоматӣ ҳисоб мегардад. Пардохти муваққатӣ ба муддати 10 шабонарӯз пешниҳод мешавад. Хизматрасонӣ ҳангоми мусбӣ будани тавозун дастрас аст.

Смс-фармонҳоро мебояд, ки ба рақами телефонии 92-929-11-11 ирсол намуд. Матни смс-фармонҳо аз рақами корт (9 рақам), ситорача () ва комбинатсияи лозима ва ё худ танҳо аз комбинатсияи муайян иборат аст. Рақами корт, ситорача ва комбинатсия бе фосила чинда мешаванд. Намунаи смс-фармонҳоро метавонед дар ҷадвал бубинед.

Арзиши смс-паёмҳои содиротӣ аз тарафи Оператори хизматрасониҳои мобилиро пешниҳодкунанда муайян карда мешавад.